(1)(1)(1).jpg)
Навсозии системаи обёрии канали асосии – КА “Чубек”
Лоиҳаи навсозии системаи обёрии КА «Чубек», ки бо ҳадафи афзоиши баҳраварии масрафи об ва таъмини боэътимоди соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудааст, бо комёбӣ анҷом ёфта, дар марҳилаи санҷиш қарор дорад.
Дар лоиҳа на тандо сохтмони қитъаҳои обтозакунӣ барои беҳбуди сифати обьёрӣ, балки корҳои ҳамаҷонибаи навсозии системаҳои мавҷудаи обьёрӣ низ пешбинй карда шудааст. Дар доираи лоиҳа дар ноҳияҳои Фархор ва Восеъ истгоҳҳои обкашӣ тарҳрезӣ ва барқарор карда шуда, барои худкорсозии равандҳо ва баланд бардоштани назорат аз болои тақсимоти захираҳои об насосҳо ва обченкунакҳои нав муҷаҳҳаз бо системаи SCADA насб карда шуданд.
Ҳадафҳои лоиҳа баландпарвозона ва умедворкунанда мебошанд: навсозии системаи обёрии «Чубек» на танҳо барои афзоиши баҳраварии масрафи об, балки ба таври назаррас барои беҳтар кардани ҳосилнокӣ ва даромади иқтисодии истеҳсолкунандагони кишоварзии минтақа пешбинӣ шудааст. Таваҷҷуҳи махсус мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дода мешавад, ки он созмондиҳии системаи обёрии устувор ва шаклпазирриро дар бар мегирад, ки метавонад ба шароити шадиди обу ҳаво ва тағирёбии захираҳои об тобовар бошад.
Лоиҳаи мазкур дар тавсеъаи соҳаи кишоварзии минтақа, таъмини деҳқонон бо захираҳои зарурии хоҷагидории устувор ва пурмаҳсул саҳми назаррас хоҳад дошт. Интизор меравад, ки таҷдиди системаи обёрии КА «Чубек» на танҳо боиси беҳбуди вазъияти муҳитзистӣ ва коҳиши талафоти об, балки бо афзоиши истеҳсолоту даромад аз кишоварзӣ, шароитро барои беҳбуди сифати зиндагии мардуми минтақа фароҳам оварад.
